Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бузургтарин иштибоҳи Доналд Рамсфелд


Доналд Рамсфелд, собиқ вазири дифоъи ИМА, гуфтааст, бузургтарин иштибоҳи замони раҳбари Пентагон буданаш он аст, ки баъди нашри далелҳои бадрафторӣ нисбати маҳбусон дар зиндони “Абу-Ғрейб”-и Ироқ ба истеъфо нарафт. Ин эътирофи Рамсфелд дар китобаш “Ошкору пинҳон” оварда шудааст.
Муаллиф навиштааст, ки ӯ соли 2004 ду бор, аз ҷумла, баъд аз нашри аксҳои саҳнаҳои бадрафтории низомиёни амрикоӣ дар маҳбаси низомии канори Бағдод, аз раисиҷумҳур Ҷорҷ Буш дархости истеъфо карда буд. Ва аммо фақат соли 2006 ӯ аз мақоми вазири дифоъи ИМА барканор шуд.
XS
SM
MD
LG