Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз баъд аз намози ҷумъа дар Миср намоишҳои бузурги эътирозӣ бо талаби истеъфои раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак баргузор мешаванд. Аҳмад Шафиқ, нахуствазири Миср, изҳор намуд, ки кормандони полис набояд ба раҳпаймоии осоишта монеъ шаванд.
Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури Миср, шоми сешанбе дар як паёми телевизионӣ изҳор намуд, ки дар интихоботи навбатии президентӣ дар моҳи сентябр ширкат нахоҳад кард ва аммо бо вуҷуди ин мухолифин истеъфои фаврии ӯро талаб доранд. Ҳуснӣ Муборак дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии амрикоии АВС ҳушдор дод, ки дар сурати аз мақом рафтанаш шояд дар Миср ҳизби Ихвон ул муслимин сари қудрат биёяд.
Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии Амрико, аз мақомоти Миср даъват кард, ки фавран ба “музокироти ҷиддӣ” бо мухолифин дар бораи интиқоли осоишта ба демократия шурӯъ кунанд. Дирӯз Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, низ хостори шурӯъи ҳарчӣ зудтари тағйироти демократӣ дар Миср шуд. Ба гуфтаи ӯ, "ин тағйирот ҳарчӣ зудтар шурӯъ шавад, ҳамон қадар беҳтар аст".
XS
SM
MD
LG