Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимошенко бори дигар мавриди бозпурсӣ қарор мегирад


Нахуствазири собиқи Украина Юлия Тимошенко рӯзи ҷумъа барои бозпурсӣ ба Додситонии кулли кишвар даъват шудааст. Алайҳи хонум Тимошенко бо гумони берун рафтан аз ваколат ва истифодаи нодурусти маболиғи давлатӣ ду парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дирӯз Юлия Тимошенко эълом дошт, ки таҳдид ба ҷони худро эҳсос мекунад. Ӯ масъулияти амнияти худро бар дӯши раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович вогузошт.
XS
SM
MD
LG