Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ҳамлаҳо ба хабарнигорон дар Қоҳира


Аз Миср дар бораи ҳодисаҳои нави ҳамла ба хабарнигорон иттилоъ мерасад. Дирӯз афроди ношинос ба бадани як хабарнигори юнонӣ корд заданд. Гурӯҳи кормандони шабакаи CNN мавриди лату кӯб қарор гирифтанд. Мақомоти амниятӣ хабарнигорони нашрияҳои амрикоии "Ню- Йорк таймс" ва "Вошингтон пост"-ро боздошт ва баъди пурсуҷӯ раҳо карданд.
Намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико Филипп Кроулӣ ин ҳамлаҳоро маҳкум намуд ва онҳоро ҳамоҳангшуда номид.
Дирӯз Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, мақараш дар Ню-Йорк, мақомоти Мисрро дар ташкили ҳамла ба хабарнигорони хориҷӣ дар Қоҳира айбдор карда, аз артиши Миср хоста буд, ки кормандони расонаҳои хабариро зери ҳимоят бигирад.
XS
SM
MD
LG