Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон: Қоҳира бояд бо мухолифин "музокироти ҷиддӣ" кунад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, аз мақомоти Миср даъват кард, ки фавран ба “музокироти ҷиддӣ” бо мухолифин дар бораи интиқоли осоишта ба демократия шурӯъ кунанд. Ӯ ваъдаи муовини раисиҷумҳури Миср Умар Сулаймон дар бораи гуфтушунид бо нерӯҳои мухолифинро нокофӣ хонд. Хонум Клинтон бори дигар хушунатҳои ахир, аз ҷумла, лату кӯб ва боздошти хабарнигорон дар Қоҳираро маҳкум намуд.
Дирӯз Бан Ки Мун, Дабири кулли СММ, низ хостори шурӯъи ҳарчӣ зудтари тағйироти демократӣ дар Миср шуд. Дар як нишасти хабарӣ дар Лондон ӯ гуфт, "даъватҳо барои тағйирот, барои тағйироти осоишта садо медиҳанд. Фикр мекунам, ки ин тағйирот ҳарчӣ зудтар шурӯъ шавад, ҳамон қадар беҳтар аст. Ман пештар ҳам гуфта будам, ки тағйиротро бояд ҳамин ҳоло шурӯъ кард".
Ҳуснӣ Муборак, раисиҷумҳури Миср, шоми сешанбе дар як паёми телевизионӣ изҳор намуд, ки дар интихоботи навбатии президентӣ дар моҳи сентябр ширкат нахоҳад кард ва аммо бо вуҷуди ин мухолифин истеъфои фаврии ӯро талаб доранд. Раҳбари Миср дирӯз дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии амрикоии АВС ҳушдор дод, ки дар сурати аз мақом рафтанаш шояд дар кишвар ҳизби Ихвон-ул-муслимин сари қудрат биёяд.
XS
SM
MD
LG