Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳарчанд вокуниши расмии Тоҷикистон ба рӯйдодҳои Миср садо надодааст, таваҷҷӯҳ ба онҳо дар кишвар зиёд аст.

Расонаҳои мустақил, маҳофили сиёсӣ, таҳлилгарон ва мардуми одӣ мехоҳанд, сабабу омилҳои ин таҳаввулот ва таъсири эҳтимолии он ба кишварҳои дигарро дарк ва арзёбӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, дар қатори 10 раҳбари худкомаи мувоҷеҳ ба хатар, аз ҷумла сарвари Миср Ҳуснӣ Муборак, номбар шудани раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз тарафи маҷаллаи бонуфузи "Тайм" ба баъзе аз нозирони маҳаллӣ имкон додааст, аз шабоҳату тафовути вазъ дар Тоҷикистон ва Миср ва эҳтимол ё радди эҳтимоли такрори рӯйдодҳои Миср дар Тоҷикистон сӯҳбат кунанд.

Хулосаҳои тунд беш аз ҳама дар форумҳои интернетӣ, маҳофили коршиносон ва сӯҳбати мардум ба мушҳида мерасанд.

Раҳбари бахши равобити хориҷии Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, Мӯсо Асозода, мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон раҳбари худкома нест ва ҷойгоҳу эътибораш дар назди мардум ҳифз шудааст.

Ин масъули ҳизби ҳоким меафзояд, "таҳти раҳбарии раисҷумҳур ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ поён дода шуд ва илова ба ин, имрӯзҳо барномаи раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ ва дастёбӣ ба истиқлолияти энержӣ дар Тоҷикистон аз барномаҳои дигари президент баршумурда мешавад. Албатта, ҳамаи ин барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии мардум аст. Гузаштаи талхи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ба ҳеҷ ваҷҳ нооромиҳои кишварҳои арабӣ дар ин ҷо такрор намешавад."

Аммо ба назари таҳлилгарони мустақил ҳукумати 20-солаи президент Раҳмон дар чаҳорчӯбаи арзишҳои демократӣ намеғунҷад.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон
Онҳо мегӯянд, дар ин давра мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии аҳолӣ ҳалношуда боқӣ монд ва агар муҳоиҷрати кории шаҳрвандон намебуд, маълум набуд, авзоъ дар кишвар ба куҷо мерасид.

Вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов мегӯяд, дар натиҷаи хусусисозии корхонаҳо ва муассисаҳо тайи як даҳсолаи ахир гурӯҳе, ба истилоҳ "тоҷикони нав", соҳиби мол шуданд. Вай гуфт, агар президент Раҳмон ба таври сареъ як ислоҳотро ба кор наандозад, қишри камбизоат метавонад сарнавишти Тунис ва Мисрро такрор кунад.

"Мо бояд ба таври сареъ ислоҳотро гузаронем, чунки дар ҷомеаи мо проблемаҳо зиёданд. Ҳоло таносуб миёни миллионеру фақир хеле хавфнок шудааст. Ҳукумати Тоҷикистон, порлумони кишвар дар ин масъала бояд таваҷҷӯҳ зоҳир кунанд. Охири охир ин ба фоҷеа меорад. Тамоми инқилобҳои дунё аз дасти фақирию фақирон сар задааст",-илова кард Шабдолов.

Раиси маркази таҳлилии "Диалог" ва узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳикматулло Сайфуллозода низ ба ин бовар аст, ки агар ҷаноби Раҳмон ба як ислоҳоти фарогир ва саривақтӣ даст занад, ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳаводиси Тунис ва Миср рӯ ба рӯ нахоҳад омад.

Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии "Диалог"
Вай мегӯяд, "бо он ки тайи 20 сол президент Эмомалӣ Раҳмон раҳбарии кишварро бар дӯш дорад ва ба ҳар василае тағйироти қонунӣ сурат гирифту худро дар ҳукумат боқӣ гузошт, ин чандон ба низоми демократӣ муносиб нест. Вале агар ин ислоҳотро, ки танҳо ба тағйироти кадрӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ маҳдуд намешавад, дар тамоми бахшҳои кишвар анҷом диҳад, мо ба таҷрибаи кишварҳои араб - Мисру Тунис мувоҷеҳ нахоҳем шуд"

Ба назари таҳлилгарон, Эмомалӣ Раҳмон то интихоботи президентии соли 2013 имкони амалии бештар дорад, ки баҳои маҷаллаи хориҷиро дар бобати "раҳбари худкомаи дар вартаи хатар" тағйир диҳад.

Зеро тамоми ваколатҳо ва салоҳиятҳои фармону таъйинҳо дар кишвар дар қабзаи шахси президент аст. Барои ин, таҳлилгарон рӯи даст гирифтани ислоҳоти сареъ ва ҷиддию фарогири иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар саросари кишвар, бознигарӣ дар сиёсати кадрӣ, ҷилавгирӣ аз раванди хешовандсолорӣ дар ниҳодҳои сармоягузорӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, муносибати ботавозун бо дингароӣ ва ба сари кори ҳукумат овардани як командаи ҷадид ва шоиста муҳим шуморида мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG