Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина хостори ҳамгероии бештар бо ИА шуд


Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина гуфтааст, ҳамгероии кишвари вай бо Аврупо бартарии аслӣ дар сиёсати хориҷии кишвараш ба шумор меравад. Вай ин нуктаро рӯзи панҷшанбе дар Варшава баъд аз мулоқоташ бо Бронислав Коморовский-раиси ҷумҳури Полша изҳор дошт. Коморовский гуфт, вай ва Янукович нақшаҳои Украинаро дар бораи имзои қарордоде бо Иттиҳодияи Аврупо роҷеъ ба ҷорӣ кардани рафту омади бидуни муқаррароти раводид баррасӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG