Пайвандҳои дастрасӣ

СММ мегӯяд, нархи маводи ғизоӣ ҳама рекордҳоро шикаст


Бино ба рақамҳое, ки имрӯз СММ мунташир сохтааст, нархи маводи ғизоӣ дар моҳи январи соли ҷорӣ дар ҷаҳон ба баландтарин нуқтаи худ расидааст. Нархи мавод соли 2008 замоне, ки дар чанд кишвар тазоҳуроти эътирозӣ анҷом гирифт, ҳамин гуна боло рафта буд. FAO ё созмони ғизову кишоварзии СММ, ки аз соли 1990 ба ин сӯ нархи маводро сабт мекунад мегӯяд, дар ҳафт моҳи ахир нарх боло рафтааст ва дар моҳи январ аз нархи моҳи июни соли 2008 гузашта, ба нуқтаи баландтарин расидааст.
XS
SM
MD
LG