Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, қурби доллар дар муқобили сомонӣ ҳудуди 3-4 дирам поин омадааст.

Абдуғаффор Қурбонов, сухангӯи Бонки миллӣ, дар сӯҳбат ба "Озодӣ" ин коҳиши қурби долларро чунин тавзеҳ дод: “Яке аз сабабҳои асосии паст шудани қурби доллар дар муқобили сомонӣ ин афзоиши пешниҳоди асъори хориҷӣ дар бозори дохилӣ мебошад, ки ин амр ба омили мавсимии маҳдуд шудани воридоти маводу коло аз бозорҳои хориҷӣ вобаста аст.”

"Доллар намехаранд"


Ҳоло Бонки миллии Тоҷикистон қиммати як доллар дар муқобили сомониро 4 сомониву 40 дирам муқаррар кардааст.

Дар ҳоле ки дар аксар дӯконҳои саррофии Душанбе як доллар ба 4 сомониву 48 дирам иваз мешавад. Ҳафтае қабл дар ин саррофиҳо як доллар ба 4 сомониву 50 дирам баробар буд.

Аммо қиммати рубли русӣ дар ин чанд рӯзи ахир поин наомада, баръакс ҳудуди 2 дирам боло рафтааст. Саиди Мансур, як саррофи дӯконҳои саррофии маркази пойтахт дар ин бора гуфт: "Нисбат ба рӯзҳои пеш доллар арзон шудааст. Ҳозир мардум долларро аз 4 сомониву 49 дирам бештар намехаранд. Эҳтиёҷ камтар шудааст. Қиммати рубл боло рафтааст. Ҳоло 10 рубли русӣ ба як сомониву 52 дирам иваз мешавад. Шояд барои он бошад, ки қурби рубл дар Русия низ нисбат ба доллар боло рафтааст."

"Таъсири Чин"

Бархе аз коршиносон далели коҳиши қурби доллар ва тақвияти сомонӣ дар ин чанд рӯзи ахирро ба тақвияти молии сомонӣ дар ҷумҳурӣ ба далели рушди иқтисод марбут намедонанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, мизони таваррум дар охири соли гузашта ва авоили соли ҷорӣ беш аз 9 дарсадро ташкил медиҳад.

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров далели коҳиши қурби доллар дар ин авохирро ба коҳиши воридоти мол аз Чин рабт медиҳад, ки ба гуфтаи вай ба сабаби ҷашни соли нав дар Чин ин кишвар марзҳояшро бастааст.

Ҷаноби Умаров мутмаин аст, ки пас аз ҷашни соли нави чинӣ қурби доллар дар Тоҷикистон дубора боло хоҳад рафт.

Саиди Мансур, як сарроф дар маркази пойтахт, низ ба ҳамин назар аст. Вай афзуд, "як сабаби пастшавии қурби доллар ин аст, ки мо ҳама молро аз Чин ворид мекунем ва чанд рӯз аст, ки он ҷо ид аст ва шояд сабабаш ҳамин бошад. Сабаби дуввум ин ки Бонки миллӣ ба дӯконҳои саррофӣ барои нигоҳ доштани қурби сомонӣ кӯмак кард."

Сомонии дар хатар?

Ба эътиқоди проффессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, поинравии қурби доллар дар Тоҷикистон хислати мавсимӣ дорад ва одатан дар фасли зимистон, замони бо доллар ба ватан баргаштани муҳоҷирони корӣ сурат мегирад.

Ба гуфтаи вай қурби сомонӣ нисбат ба доллар бештар ба маблағҳое бастагӣ дорад, ки муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон ворид мекунанд, на балки ба ҳаҷми моли тавлидие, ки Тоҷикистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ арза мекунад.

Ба ин далел, қурби сомонӣ дар муқобили арзи хориҷӣ ҳамеша осебпазир аст ва ҳар навъ тағйироте, ки дар муҳоҷирати корӣ ва ё бозори арз ба вуҷуд меояд, сомониро ба хатар рӯбарӯ хоҳад кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG