Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиш подармиёнӣ мекунад, вале боз сангандозӣ


Имрӯз ҷонибдорон ва мухолифони давлати Ҳуснӣ Муборак дар шаҳри Қоҳира ба сӯи якдигар сангандозӣ карданд. Нируҳои артиш талош карданд, онҳоро аз ҳам ҷудо нигаҳ доранд. Мухолифон ҷонибдорони раиси ҷумҳур ва полисро муттаҳам карданд, ки шабона дар либоси мулкӣ ба сӯи онҳо тир андохтаанд. Нахуствазир Аҳмад Шафиқ барои ин тирандозӣ маъзарат хост ва қавл дод, ки омилини ин кор ба масъулият кашонда мешаванд:

"Ман қавл медиҳам ва самимона изҳор медорам, ки аз ин кор сарфи назар нахоҳад шуд. Ин одамон кистанд, кӣ ба майдон ворид шуд ва кӣ онро барномарезӣ кард? Агар ин барномарезӣ нашуда бошад, пас кӣ онҳоро ба майдон раҳнамоӣ кард?"

Шафиқ дар зимн раҳбарони мухолифонро ба музокира даъват кард. Аммо Муҳаммад Бародеӣ-раҳбари маъруфи мухолифон ва раҳбари Ихвонулмуслимин ин пешниҳодро рад ва бори дигар истеъфои Ҳуснӣ Муборакро тақозо карданд.
XS
SM
MD
LG