Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Видеои бозпурсии Алии Бедакӣ, барканории имомхатибон ва таҳаввулоти Миср аз мавзӯъҳои аслии нашрияҳост.

Ҳафтаномаи "Азия-Плюс" дар матлабе таҳти унвони "Алии Бедакиро пурсуҷӯ карданд?" ба мавзӯи ҳақиқӣ ва ё ҷаълӣ будани сабти видеои бозпурсии Аловуддин Давлатов, фармондеҳи кушташудаи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар водии Раштро ба баррасӣ гирифтааст.

Ин нашрия менависад, бархе мегӯянд, зоҳир ва суханронии шахсе, ки Алии Бедакӣ муаррифӣ мешавад, комилан ба ӯ мувофиқат намекунад.

"Истеъфои дурӯғин"

"Нигоҳ" дар матлабе таҳти унвони "Истеъфои дурӯғини Эшони Нуриддинҷон" аз қавли бародари ӯ навиштааст, ки Эшони Нуриддин агарчи расман аз имоматии масҷиди деҳаашон барканор шудааст, дар амал ҳаққи мавъиза ва пешдароӣ дар намозҳоро бо худ нигоҳ доштааст.

"Миллат" дар матлаби "Имомхатибон тарки вазифа мекунанд" менависад, даҳҳо имомхатиби барканоршуда ҳеҷ амали тахрибӣ ё зидди давлатро анҷом надодаанд. Аммо, менависад нашрия, шояд рафтани онҳо ба бархе соҳибмақомон низ дарс мешавад, ки барои дарозмуддат курсиҳои мансабро банд кардаву омили ақибмондагии кишвар шудаанд.

"СССР" дар матлабе таҳти унвони "Қурон хонед ва думболаи мулло нагардед!" менависад, Қурону шариат дар Тоҷикистон аз сӯи ҳар пешвои динӣ гуногун тафсир мешаванд, аз ин хотир, беҳтар аст худи мардум мустақим динро омӯзанд. Нашрия навиштааст, агар дар ислом 73 равия бошад, дар Тоҷикистон 100 равия бо сад пешво вуҷуд дорад.

"Ҷумҳурият" - нашрияи расмии ҳукумати Тоҷикистон дар матлабе таҳти унвони "Тӯраҷонзода ва ҲНИТ лоиҳаи қонунро намепазиранд. Чаро?" менависад, сабаби мухолифати онҳо ба қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ғаразҳои сиёсии онҳо номидааст. Нашрия навиштааст, ки онҳо мехоҳанд майдони фаъолияти ҷавонони гароида ба созмону мазҳабҳои тундгароро ҳифз кунанд.

"Девбоди арабӣ"

"Фараж" дар матлаби "Тунис... Миср... навбат ба Урдун, Судон, Яман" суол мегузорад, ки "оё девбоди арабӣ то ба саҳрои Осиёи Марказӣ мевазад ё на?"

"Наҷот", нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ матлаби аслиашро ба таҳаввулоти Миср бахшида, менависад, ин таҳаввулот ба хоҳиши Исроил ва Амрикову кишварҳои Ғарб, ҳатто Русия сурат намегирад.
"Як кам шаст" матлабе аз "Озодагон" шахсият ва фаъолияти Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанберо, ки ба синни 59 даромад, ба риштаи таҳлил кашидааст.

Касе, ки "ҷаноби олӣ" нашуд

Дар матлаб ӯ "шахси дуввум"-и Тоҷикистон унвон мешавад, аммо мухолифатҳои ӯ бо раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбарони намояндагони мухолифини собиқ, ки дар ҷомеа ба вуҷуд омада буданд, нашрия такзиб карда меафзояд, Убайдуллоев ба монанди "фарзин" дар тахтаи шоҳмот "ихтиёрот ва салоҳиятҳои васеъ" дорад, аммо ӯро ҳеҷ гоҳ "Ҷаноби олӣ" унвон надодаанд."

"Кадом вазир зиёдтар мегирад?" матлаби дигари "Озодагон" аст, ки ба маоши вазирону афроди раҳбари дигар ниҳодҳои давлатӣ бахшида шудааст.
Нашрия навиштааст, аъзои парлумон 3 300, вазири маориф 2 850, вазири дохила 3 000, раиси Оҷонси назорати гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир 2 906, раиси Додгоҳи олӣ 1 800, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандӣ 2 260, додситони кул беш аз 3 300 сомонӣ маош мегирифтаанд.

Раиси Бонки миллӣ гуфтааст, ки барои эълони маошаш бояд аз раёсати Бонк иҷоза пурсад. Бақия раҳбарони вазорату кумитаҳо аз гуфтани ҳаҷми маоши худ худдорӣ кардаанд.

Бесаводон дар азоб

Очил Зоҳидов, таърихнигори тоҷик дар сӯҳбат ба рӯзномаи "Имрӯз News" гуфтааст, ки даъвоҳо дар бораи ташкили давлатдории тоҷикон аз сӯи Шӯравӣ сиҳат надоранд, балки тоҷикон баъд аз давлати Сомониён ҳамеша давлат доштанд ва давлатҳои таҳти раҳбарии туркнажод моҳиятан тоҷикӣ буданд.

"Бизнес и политика" дар матлабе таҳти унвони "Миллати бад нест, балки халқи бесавод ҳаст" навиштааст, ки гирифтори мушкил шудани мардуми Тоҷикистон дар дохилу хориҷ аз поён будани сатҳи савод аст, зеро мардуми бесавод ҳамеша дар азоб будаанд.
XS
SM
MD
LG