Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Данғара 3 нафар аз заҳролудшавӣ даргузаштанд


"Азия-Плюс" хабар додааст, ки дар ноҳияи Данғара аъзои як хонавода баъд аз истеъмоли боқалаҷонҳои консервшуда заҳролуд шудаанд. Се нафари онҳо, яъне марди 26 сола ва ду кӯдаки 2 ва 3-сола дар бемористон ҷон додаанд. Панҷ нафари дигар дар бемористон муолиҷа мегиранд. Пизишкон гуфтаанд, заҳролудшавӣ бештар дар замбуруғ ё боқалаҷонҳои консервшуда мушоҳида мешавад.
XS
SM
MD
LG