Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷоре дар Анкара 30 нафар маҷрӯҳ шудаанд


Дар инфиҷоре дар қисмати санъатии шаҳри Анкара-пойтахти Туркия дастикам 30 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Сабаби инфиҷорро рӯшан накардаанд, вале гуфта мешавад, ки мумкин аст ин инфиҷор аз фишори газ ба вуқуъ пайваста бошад. Бино ба гузоришҳо, дар маҳали воқеа тақрибан 50 нафар коргар машғули кор будаанд. Ду табақаи бино фурӯ рехтааст ва бими он меравад, ки одамон дар зери вайронаҳо монда бошанд.
XS
SM
MD
LG