Пайвандҳои дастрасӣ

Гурӯҳе аз донишҷӯён хостори бозгашт аз Миср шуданд


Муҳаммадӣ Музаффар-консули сафорати Тоҷикистон дар Миср, дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, як гурӯҳи донишҷӯёни тоҷики муқими Қоҳира барои бозгашт ба Тоҷикистон ба сафорат муроҷеа кардаанд ва сабти ном шудаанд. Оқои Муҳаммадӣ гуфт:

"Ҳоло ҳудуди 50-60 нафар худро номнавис кардаанд. Лекин шумо медонед, ки барои овардани як самолёт ҳади ақал бояд 100 нафар бошад".


Оқои Муҳаммадӣ афзуд, гурӯҳи дигари донишҷӯён, ки ба таври худҷӯш ба Миср омадаанд ва дар донишгоҳи "Ал-Азҳар" таҳсил доранд, эҳтиёткорона рафтор мекунанд. Онҳо камтар майли бозгашт доранд.
XS
SM
MD
LG