Пайвандҳои дастрасӣ

Сафорати Тоҷикистон дар Миср мегӯяд, ҳудуди 60 тан аз донишомӯзони тоҷик барои бозгашт ба ватан кӯмак хостаанд.

Музаффар Муҳаммадӣ, консули сафорати Тоҷикистон дар Миср, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт:

-Таври маълум, дар Миср ду гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд, ки як гурӯҳи онҳо расмӣ ва гурӯҳи дигар ғайрирасмиянд. Онҳое, ки расмӣ омадаанд, зуд ба мо муроҷиат карданд, ки “мехоҳем ба ватан баргардем”.

Мо онҳоро номнавис кардем. Аммо гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик, ки дар донишгоҳи "Ал-Азҳар" ҳастанд, барои бозгашт ба ватан хеле муҳтотона рафтор мекунанд. Аз тарафи онҳо чунин хоҳиши баргаштан камтар аст.
Шояд ҳарос доранд, ки мо онҳоро рӯйхат мекунем. Баъзеашон рӯйирост мегӯянд, ки вазъият чӣ хеле шавад, дар Миср боқӣ мемонанд.



Ба ҳар ҳол, сафорат аз он рӯзе, ки нооромӣ сар зад, бо шаҳрвандони Тоҷикистон тамос дорад ва аз ҳоли онҳо огоҳ аст. Дар Қоҳира аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин намоишҳо касе ҳамроҳ нашуда, касе ҳам зарар надидааст.

Суол: Дақиқ аст, ки гурӯҳи донишҷӯёне, ки номнавис шудаанд, кай ба ватан оварда хоҳанд шуд?

Музаффар Муҳаммадӣ: Ҳозир ҳамагӣ 50-60 нафар барои рафтан ба Тоҷикистон номнавис кардаанд. Вале Шумо хуб медонед, ки барои ҳавопаймо омада инҳоро гирифта рафтан камаш сад нафар бояд ҷамъ шаванд. Мо ҳозир сад нафар одам надорем. Сафорат тамоми нерӯяшро сарф мекунад, то дар рӯҳзои наздик онҳоро ба ватан фиристад. Мо дар ин бора бо ҳукумат, Вазорати умури хориҷӣ дар тамосем. Мактуб ҳам навиштем.

Суол: Аммо инҳоро давлат бо маблағи худ хоҳад овард ё худи донишҷӯён маблағи роҳкирояшонро пардохт мекунанд?

Музаффар Муҳаммадӣ: Рости гапро гӯям, ҳоло сари маблағ ягон сӯҳбат нест. Аввал бояд ширкати ҳавопаймоие, ки ин корро анҷом медиҳад, шартҳои худро бигӯяд. Чунки мо ҳамчун сафорат ба касе “дикта” карда наметавонем. Мо ба донишҷӯён ҳам гуфта наметавонем, ки бо пул мебарем ё бе пул. Ин салоҳияти ҳукумат аст.

Ҳеч кас донишҷӯёнро маҷбур ҳам накардааст, ки аз ҳоло пул супоранд. Дар ҳар сурат, маблағи роҳкиро масъалаи ҳалшаванда аст. Ҳозир мо бояд тамоми бачаҳое, ки мехоҳанд, аз ин ҷо бираванд, номнавис кунем, то нашавад, ки баъд аз рафтани ҳавопаймо касе бехабар монад.

Суол: Оё ҳамаи онҳое, ки ба Шумо муроҷаит карданд, донишҷӯёнанд ё афроди дигар ҳам ҳастанд?

Музаффар Муҳаммадӣ: Аслан тоҷиконе, ки дар Қоҳира ҳастанд, 99 дарсад донишҷӯянд. Донишҷӯёне, ки аз тариқи квота омада, дар донишгоҳи Қоҳира мехонанд, ҳамаашон сад дар сад хоҳиши рафтан доранд. Донишҷӯёни Азҳар кам муроҷиат мекунанд. Дигар чанд духтари тоҷик ҳастанд, ки ба мисриҳо шавҳар кардаанд ва онҳо ҳеч кадомашон барои бозгашт ба ватан дархост надодаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG