Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон шаҳрвандонашро бо парвозҳои вижа аз Миср баровард


Хабаргузории CA News иттилоъ додааст, ки се нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ бо ҳавопаймои вазорати умури изтирории Қазоқистон аз Қоҳираи Миср ба Қазоқистон оварда шудаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар додааст. Бино ба хабари дафтари матбуотӣ, рӯзҳои 1 ва 2-юми феврал бо парвозҳои вижа 206 шаҳрванди Қазоқистон, аз ҷумла 3 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қоҳира ба Алмаато интиқол дода шудаанд. Вазорат гуфтааст, ҳамаи кормандони дипломтии Қазоқистон, яъне 12 нафар дар Қоҳира кори худро идома медиҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG