Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70 дарсади сокинони ҷануб аслан нону чой истеъмол мекунанд


Бино ба навиштаи хабаргузории ИА REGNUM 70 дарсади аҳолии ҷануби Тоҷикистон танҳо бо нони хушк ва чою шакар зиндигии худро пеш мебаранд. Дар ин бора дафтари омори вилояти Хатлон хабар додааст. Бино ба маълумоти ин сарчашма, масорифи зисти сокинони ин вилоят дар як моҳ 96 сомонӣ баробар бо 21 долларро ташкил медиҳад. Бо ин пул онҳо аслан нон, чой ва шакар мехаранд. Идораи омор мегӯяд, барои зиндагии маъмулии миёнаҳолона дар ин вилоят барои ҳар сари аҳолӣ 226 сомонӣ ё 50 доллар зарур аст. Бо вуҷуди ин, солҳои ахир сатҳи зист дар ин вилоят боло рафтааст. 42 дарсади сокинони вилоят дар ниҳояти фақр ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG