Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрикоиро 8 рӯзи дигар дар боздошт нигоҳ медоранд


Имрӯз додгоҳи Покистон дастур дод, ки полис метавонад 8 рӯзи дигар як корманди консулгарии Амрикоро ба иттиҳоми куштори ду марди покистонӣ нигоҳ дорад, то ба ин куштор расидагӣ сурат бигирад. Амрико мегӯяд, марде, ки полиси Покистон вайро Раймонд Девис муаррефӣ кардааст, дипломат мебошад ва аз ҷониби Покистон хостааст, ки фавран вайро раҳо кунанд. Вай як ҳафта пеш дар шаҳри Лоҳур баъд аз оташ кушодан ба сӯи ду покистонӣ боздошт шуда буд. Раймонд гуфтааст, ки онҳо дуздон будаанд ва барои дифоъ аз худ ҳангоми талоши дуздӣ даст ба ин кор задааст. Вале куштори онҳо дар ҷомеаи Покистон норизоятиҳо ба бор овардааст.
XS
SM
MD
LG