Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик аз Қазоқистон бо медал баргаштанд


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷавоизи раисиҷумҳури Қазоқистон, ки яке аз давраҳои Ҷоми ҷаҳонии самбо маҳсуб мешуд, чаҳор медал ба даст оварданд.

Ба иттилои Маҳмуди Абдулло, дабири кулли Федератсияи гӯштии самбои Тоҷикистон, дар ин мусобиқа, ки дар шаҳри Уралски Қазоқистон баргузор шуд, ҳудуди 200 варзишгар аз 12 кишвар ширкат варзиданд.

Акмалиддин Каримов дар рақобатҳо дар вазни то 52 килограмм мақоми дуввумро касб кард ва бо медали нуқра сарфароз шуд.

Вай бар ду рақибаш аз Қазоқистону Гурҷистон ғолиб омада, ба финал баромад. Вале дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Метед Ундаганови қазоқистонӣ мағлуб гашт.

Паҳлавонони дигари тоҷик Искандар Ашӯров (дар вазни то 82 кг), Раҳматулло Абдуллоев (то 100 кг) ва Зиёратшо Баротов (+100 кг) ҷойҳои севвумро касб карда, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар ҳисоби дастаӣ пас аз Қазоқистону Русия дар ҷои севвум қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG