Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Задухӯрди ҷонибдорон ва мухолифони раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак дар Қоҳира тамоми шаб идома дошт.

Расонаҳои хабарӣ ба нақл аз пизишкон, гуфтанд, ки дар задухӯрдҳо дар майдони Таҳрир чаҳор кас кушта ва беш аз 1 500 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Аммо мақомоти расмӣ теъдоди маҷрӯҳонро бештар аз 600 нафар гуфтаанд. Рӯзи чаҳоршанбе дар майдони марказӣ садҳо ҷонибдорони Ҳуснӣ Муборак ба эътирозгарон ҳамла карданд.

Эҳтимоли дахолати артиш

Мухолифон дар ин ҳамла ниҳодҳои қудратии Мисрро айбдор кардаанд.

Аммо Алиризо Нуризода, таҳлилгари сиёсии муқими Лондон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ҳоло ҳамлагаронро “авбошони давлатӣ” меноманд ва мегӯянд, ки онҳо кормандони мақомоти қудратӣ буданд, аммо набояд фаромӯш кард, ки Ҳуснӣ Муборак 30 сол боз сари қудрат аст ва дар кишвар ҷонибдорони зиёде дорад.

То имрӯз вориди саҳна нашудани ҷонибдорони Муборакро оқои Нуризода ба он омил марбут медонад, ки “онҳо ҳеҷ фикр намекарданд ин тазоҳурот ҳукуматро мутазалзил кунад”.

Ин таҳлилгари сиёсӣ афзуд, "задухӯрди ҷонибдорони сарвари давлат ва эътирозгарон метавонад чеҳраи инқилоби Мисрро зишту хунин кунад ва артиш ҳам барои вориди саҳна шудан тасмим бигирад."

Роҳи наҷот куҷост?

Аз Алиризо Нуризода пурсидем, аз нигоҳи ӯ, дар ҳоле, ки вазъ дар тӯли як рӯз комилан печидатар шуд, ҳоло кадом роҳи бурунрафт аз бӯҳрон боқӣ мондааст?

Вай гуфт, танҳо роҳи бурунрафт аз бӯҳрон ин аст, ки паёми Умар Сулаймон, муовини раисиҷумҳур, ба гӯши тазоҳургарон бирасад ва "артишу ҳукумат бо мухолифин вориди музокирот шаванд ва дар ин гуфтушунид барои ихроҷи муҳтарамонаи Ҳуснӣ Муборак замина муҳайё бигардад."

Ба гуфтаи оқои Нуризода, набояд фаромӯш кард, ки Муборак фармондеҳи нерӯҳои ҳавоии Миср буд, маҳбубияти зиёде миёни мардум ва, аз ҷумла, низомиён дошт.

“Низомиён хуруҷи иҳонатбори Муборакро аз Кохи раёсатҷумҳурӣ зарбае ба худашон мехонанд”,-мегӯяд таҳлилгар.

Ӯ меафзояд, “шаст сол боз низомиён дар Миср ҳукумат мекунанд, гирифтани қудрат аз дасташон кори содае нест”

Аммо Алиризо Нуризода мӯътақид аст, ки “агар гуфтушунид шурӯъ шавад ва Муборак аз мӯҳлати боқимондаи раёсатҷумҳурияш сарфи назар кунад ва бознишаста шуда ба Шарм-ул-Шайх биравад, ин метавонад роҳи ҳуруҷ аз бӯҳрон бошад”.

Навбати Сурия расидааст?

Алиризо Нуризода интиқоли нооромиҳо аз Миср ба Сурияро баъид намедонад.

Ин ҳафта гурӯҳи фаъолони мухолифини ҳукумати Сурия, кишвари ҳамсояи Миср, тавассути интернет аз мардум даъват намуданд, ки рӯзи ҷумъа баъд аз намоз дар намоиши осоишта ширкат кунанд. Як гурӯҳи дигар хостори рӯзи панҷшанбе дар канори бинои парлумони Сурия доир намудани намоиши эътирозӣ шудааст.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, "баъзе аз он давлатҳои арабӣ, ки бӯҳрон дар Миср хушҳоланд, бояд бидонанд, ки ин бӯҳрон фардо дар хонаи худашон хоҳад буд."

Режими Сурия яке аз саркӯбтарин режимҳо дар олами араб маҳсуб мешавад. Дар тӯли сари қудрат будани хонадони Асад аз соли 1970 ба ин сӯ, ҳазорон мухолифини ҳукумат кушта шудаанд. Ягона режимест, ки мардуми як шаҳрро қатли ом кардааст.

Аз ин рӯ мегӯяд оқои Нуризода, режими Сурия назар ба дигар режимҳо бештар ларзон аст. “Мунтаҳо, бо такя бар аслиҳа ва қудрати зӯру саркӯбгарӣ садои мардумро буридаанд”,-илова кард таҳлилгар.

Алиризо Нуризода мегӯяд, “агар ҳукумати Башар Асад алайҳи тазоҳургарон аз нерӯ кор бигирад, кишвар вориди бӯҳрони бисёр амиқ хоҳад шуд. Ҳоло бояд дид, ки эътирозгарон бо кадом шиорҳо ба хиёбонҳо мерезанд ва бархӯрди ҳукумат чӣ гуна хоҳад буд”.

Дар зимн, Димишқ баъд аз шурӯи бенизомиҳо дар Тунис ва баъдан дар Миср қиматҳо дар бозору мағозаҳоро поин бурд ва ваъдаи ислоҳот дод. Аммо сатҳи фасод он қадар бузург аст, ки ин ваъдаҳо пеши он ҳеҷ ба назар мерасанд.

Ҳамсӯҳбати мо ҳадс мезанад, ки ҳарҷу марҷ дар Сурия ба ҳампаймони аслияш дар минтақа - Эрон ҳам бетаъсир нахоҳад монд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG