Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониён дар задухӯрдҳои Қоҳира


Теъдоди қурбониёни задухӯрдҳо дар шаҳри Қоҳира, пойтахти Миср, афзоиш меёбад. Бар пояи иттилоъи табибон, дар ин ҳодиса чаҳор кас кушта ва тақрибан 1500 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Задухӯрдҳо миёни ҷонибдорону мухолифони раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак тамоми шаб идома карданд.
Рӯзи чаҳоршанбе дар майдони Таҳрир садҳо ҷонибдорони Ҳуснӣ Муборак ба эътирозгарон ҳамла карданд. Бан Ки Мун, Дабири куллии СММ, аз идомаи хушунат дар Миср ва, аз ҷумла, ин ҳамла изҳори нигаронӣ кард. Ӯ бори дигар ҷонибҳоро ба сабурӣ даъват намуд.
Ҳуснӣ Муборак шоми сешанбе дар як паёми телевизионӣ изҳор намуд, ки дар интихоботи навбатии президентӣ дар моҳи сентябр ширкат нахоҳад кард ва аммо мухолифин истеъфои фаврии ӯро талаб доранд.
XS
SM
MD
LG