Пайвандҳои дастрасӣ

Гиггз - беҳтарин футболбоз дар таърихи "МЮ"


Мухлисони дастаи футболи “Манчестер Юнайтед” нимҳимоятгар Райан Гиггзро беҳтарин футболбоз дар таърихи даста эътироф карданд. Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар раъйдиҳие, ки торнамои расмии даста баргузор кард, Гиггз аз рақибони аслияш Эрик Кантона ва ҳатто Ҷорҷ Бест пеш гузашт. Гиггз 20 сол боз дар ҳайати асосии “Манчестер Юнайтед” бозӣ мекунад. Ӯ дар ҳайати ин тим 11 бор қаҳрамони Англия шуд, чаҳор бор Ҷоми Англия, се бор Ҷоми УЕФА ва ду бор Ҷоми Лигаи чемпионҳоро болои сар бардошт.
XS
SM
MD
LG