Пайвандҳои дастрасӣ

Волочкова ҳизби ҳокимро тарк мекунад


Раққосаи маъруфи балети Русия Анастасия Волочкова эълом дошт, ки ҳизби ҳокими “Русияи воҳид”-ро тарк мекунад. Дар торнамои худ ӯ навиштааст, ки сари мавзӯъи тарки ҳизб як ҳафта андеша кардааст. Тасмими худро ҳунарманди маъруф бо он омил марбут кардааст, ки чанд сол пеш ӯро барои имзо зери як нома алайҳи раҳбари пешини ширкати ЮКОС Михаил Ходорковский маҷбур карда буданд.
Анастасия Волочкова навиштааст, ки он вақт номаро ба ӯ нишон надода буданд ва фақат гуфтанд, ки бояд аз идеяи муҷозоти ғоратгарони моли мардум пуштибонӣ кунад. Раққоса дар идома навиштааст, ки оҳно маро дар дом андохтанд, дар асл ман аз Ходорковский эҳтироми зиёд дорам”.
Номи Анастасия Волочкова миёни номаи ходимони фарҳангу илм ва варзиши Русия буд, ки дар он аз ҳукми додгоҳӣ дар баробари Михаил Ходорковский ҷонибдорӣ мешуд. Ин нома соли 2005 дар нашрияи “Известия” чоп шуда буд.
XS
SM
MD
LG