Пайвандҳои дастрасӣ

CPJ ҳамла ба хабарнигоронро маҳкум кард


Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ё CPJ, мақараш дар Ню-Йорк, мақомоти Мисрро дар ташкили ҳамла ба хабарнигорони хориҷӣ дар Қоҳира айбдор кард. Дар як баёнияи кумита гуфта шудааст, ки рӯзи гузашта кормандони расонаҳои чанд кишвар, аз ҷумла, Ҷопон, Белгия, Дания, ҳамчунин хабарнигорони BBC ва шабакаҳои телевизионии амрикоии CNN ва ABC мавриди ҳамлаи ҷонибдорони раисиҷумҳур қарор доштанд. Хабарнигорон аз Исроил ва Фаронса боздошт шудаанд.
Ба гуфтаи масъулини Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон, ҳадаф аз амалҳо – ҷилавгирӣ аз инъикоси ҳаводиси Миср аст. CPJ аз артиши Миср хостааст, то хабарнигоронро зери ҳимоят бигирад.
XS
SM
MD
LG