Пайвандҳои дастрасӣ

Сикорский: Лукашенко аз ҳаводиси Миср бояд сабақ гирад


Намояндагони тақрибан 40 кишвар ваъда доданд, ки ба зудӣ барои фаъолони мухолифини Белорус 87 миллион евро ҷудо мекунанд. Дар ин бора дар шаҳри Варшава, дар поёни конфаронси байнулмилалӣ оид Белорус, хабар дода шуд. Дар нишаст аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки мақомоти Белорус баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ таъқиби густардаи мухолифинро шурӯъ карда, садҳо нафар, аз ҷумла, чанд номзад ба мақоми раёсатҷумҳуриро боздошт намуданд.
Радослав Сикорский, вазири умури хориҷии Лаҳистон, гуфт, ки "мақомоти Белорус барои тағийри мавқеъи худ ҳанӯз вақт доранд. Аз моҳи декабри соли гузашта бисёр чизҳо иваз шудааст. Шояд намунаи Бин Алӣ, Муборак ва дигарон раисиҷумҳур Лукашенкоро ба андешае водор кунанд, ки роҳи интихобкардааш роҳи хубе барои худи ӯ нест".
Ин ҳафта Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА дар вокуниш ба таъқиби мухолифини Белорус алайҳи мақомоти ин кишвар таҳримҳои нав ҷорӣ карданд.
XS
SM
MD
LG