Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Мавритания аз ҳамлаи террористӣ ҷилавгирӣ шуд


Дар Мавритания се мусаллаҳи гурӯҳи “Ал-Қоида дар кишварҳои мағриби исломӣ”, кушта шуданд, ки ба иддаои мақомоти расмӣ, ҳадафи ташкили ҳамлаи террористӣ дар пойтахти кишвар Нуакшотеро доштанд. Гуфта мешавад, ронандаи мошини онҳо талаби низомиён барои нигаҳ доштанро сарфи назар кард ва таъқиб шурӯъ шуд. Мошин аз тири грантомет инфиҷор кард. Ҳамаи се мусаллаҳ кушта шуданд, нӯҳ тан аз низомиён ҷароҳат бардоштанд.
Гуфта мешавад, ки дар мошин тақрибан яку ним тонна маводи мунфаҷира буд ва, ба иддаои мақомоти маҳаллӣ, афроди мусаллаҳ мехостанд онро дар канори сафорати Фаронса ё дар канори қароргоҳи артиши Мавритания тарконанд.
XS
SM
MD
LG