Пайвандҳои дастрасӣ

Обама созиши коҳиши силоҳи стратегиро имзо кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аснод дар бораи тасвиби созиш бо Русия оид ба коҳиши силоҳи стратегиро имзо кард. Ҳафтаи гузашта, баъди аз сӯи Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсия пазируфта шудани ин созиш, Дмитрий Медведев, раисиҷумҳури Русия, низ зери асноди марбута имзо гузошта буд.
Созиш оид ба коҳиши силоҳи стратегӣ баъди он ба ҳукми қонун ворид мешавад, ки ҳайатҳои ИМА ва Русия аснод дар бораи тасвиби созишро ба ҳам тақдим кунанд. Қарор аст, ин маросим дар чаҳорчӯби конфаронси амниятӣ дар шаҳри Мюнхени Олмон доир шавад, ки аз 4 то 6 феврал идома хоҳад кард. Бар пояи созиши ҳосилшуда, ҳарду ҷониб бояд сеяки силоҳи стратегии худро аз байн бубаранд.
XS
SM
MD
LG