Пайвандҳои дастрасӣ

120 миллион $ ваъдаи кумак ба мухолифини Лукашенка


Гурӯҳҳои мухолифини Беларус дар анҷумани Варшава аз 36 кишвари кумакрасон 87 миллион евро, муодили 120 миллион доллар, ваъдаи кумак гирифтаанд. Вазири хориҷаи Лаҳистон Радослав Сикорский ин рақамро дар поёни ин ҳамоиш, ки дар пайи саркӯбии эътирозҳои пасоинтихоботии Беларус доир шуд, эълон кард. Куммиссиюни Аврупо кумакҳояш ба хотири ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва демократия дар Беларусро 4 маротиба боло бурда, дар се соли оянда ба 15,6 миллион евро хоҳад расонд.
Қаблан ИА ва Амрико алайҳи раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка ва 157 мақоми давлати ӯ таҳримоти нав ҷорӣ карданд, ки аз ҷумла манъи ироаи раводиди сафар ва мунҷамид сохтани суратҳисобҳои бонкии онҳоро фаро мегирад.
XS
SM
MD
LG