Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исми Эмомалӣ Раҳмон дар даҳгонаи маҷаллаи “Time”


Маҷаллаи амрикоии “Time” дар даҳгонаи “10 раҳбари худкомаи дар вазъи мушкил” (“Top 10 autocrats in Trouble”) исми раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро низ ҷо додааст. Ин даҳгона ҳамчунин раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак, раҳбарони Алҷазоир – Абдулазиз Бутафлиқа, Эрон – Маҳмуди Аҳмадинажод, Судон – Умар ал-Башир, Беларус – Аляксандр Лукашенка, Яман –Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, Зимбабве –Роберт Мугабе, Кореяи шимолӣ - Ким Чен Ир ва хонаводаи подшоҳии Арабистони Саудиро дар бар мегирад. “Time” менависад, ин феҳрасти раҳбарони як замон нирӯмандест, ки акнун назар ба қабл заифтар шудаанд.
Ба навиштаи маҷалла, Эмомалӣ Раҳмон, низоми худкомаашро ҳамчун василаи муқобила бо таҳдиди тундравони ифротгаро тавҷеҳ карда, ба сурати умум, ба Тоҷикистон ҳамчун ба мулки худ раҳбарӣ мекунад. Ба бовари муаллифи “Time”, ҳукумати Раҳмон метавонад побарҷо бимонад, вале абрҳои сиёҳ болои сарнавишти Тоҷикистони ӯ соя андохтаанд.
XS
SM
MD
LG