Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон иддаои Қирғизистонро дар бораи рахнаҳои амниятӣ дар марзи байни ду кишвар беасос медонанд.

Сарони ниҳодҳои ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мулоқоте дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд масоили марбут ба вазъи марзи муштараки ду кишвар, чораҳои таҳкими он вадурнамои ҳамкориҳоро баррасӣ карданд.

Ин мулоқот дар ҳоле ҷараён ёфт, ки раисиҷумҳури Қирғизистон Роза Отунбоева аз убури гурӯҳҳои террористӣ аз қаламрави Тоҷикистон ба мавзеъҳои ҷанубии Қирғистон дар баҳори оянда изҳори нигаронӣ кардааст.

Вай рӯзи сешанбе ҳангоми боздид аз навоҳии ҷанубии Қирғизистон ба таҳикими марзи кишвараш бо Тоҷикистон даъват кард ва гуфт, барои ин бояд нерӯҳои марзбони савора таъсис дода шавад.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон эҳтимоли убури гурӯҳҳои террористиро аз қаламрави Тоҷикистон ба Қирғизистон рад карданд. Онҳо мегӯянд, агар ниҳодҳои амниятии Қирғизистон дар ин росто нооромиҳо дар минтақаи Рашт ва Исфараи Тоҷикистонро дар назар дошта бошанд, "ин як дидгоҳи иштибоҳист, чун баъд аз рӯйдодҳои маълум авзоъ дар ин манотиқ комилан таҳти назорат аст."

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Маҳмадулло Асадуллоев, мегуяд: "ҳоло дар навоҳии Рашт ва Исфара, ки бо Қирғизистон ҳаммарзанд, раёсатҳои умури дохилӣ тақвият ёфта, ниҳодҳои иловагӣ ҷобаҷо шудаанд ва воҳидҳои махсус таъсис ёфтааст, ки амнияти мардумро таъмин ва аз вуруди гурӯҳҳои ҷиноии харобкорро ҷилавгирӣ мекунанд.»

Аммо коршиносон аз ин дидгоҳҳо ҳимоят намекунанд. Онҳо бар инанд, ки то кунун пурра боздошт нашудани фирориҳои зиндонӣ ва ҳастии гурӯҳи Мулло Абдулло дар шарқи Тоҷикистон шубҳаву тардидро дар робита ба заъфи нерӯҳои амниятӣ ва марзбонии Тоҷикистон дар амри назорати комили минатақаҳои марзӣ бештар мекунад.

Таҳлилгар Ҷалолиддин Маҳмудов мегӯяд: «Ҳаводиси маълуми шарқи Тоҷикистон ва нооромиҳо дар Исфара ба сурати умум нооромиҳое дар Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон нишон медиҳад, ки нерӯҳои амниятию марзбонӣ тасаллути лозима ба вазъи минтақа надоранд ва ин имкон фароҳам меорад, ки гурӯҳҳои харобкор бо истифода аз чунин ҳолат ҳаракат кунанд, шояд президент Отунбоева ҳаминро дар назар дорад.»

Ин бори аввал нест, ки мақомоти кишвари ҳамсоя аз эҳтимоли вуруди гурӯҳҳои мусаллаҳ аз Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳушдор медиҳанд. Ба ақидаи узви Кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, амният ва дифои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Саттор Холов «дар сурате ки чунин иддао аз тарафи мақомоти баландпояи Қирғизистон пеш оварда мешавад бояд бо санад ва далели мушаххас оварда шавад. Агар онҳо чунин гурӯҳҳои тундраву террористиро дастгир карда бошанд, ки аз қаламрави Тоҷикистон ба Қирғизистон убур карда бошад, пешниҳод кунанд. То ҳоло чунин ҳолат пеш наомадаст. Бояд тамоми иттилоъ бар асоси далел бошад.»

Эҳтимол меравад дар мулоқоти ҳайатҳои байнидавлатӣ дар Исфара ин масъалаҳо баррасӣ ва табодули иттилоъ сурат гирифта бошад. Зимнан, дар ин мулоқот вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев низ ширкат доштааст.

Дар нишаст раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон ба ин натиҷа расиданд, ки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ дар заминаи ҳифзи марзҳои муштараки ҳар ду кишварро тақвият бахшида, ба таъмини амнияти марзи давлатӣ талош хоҳанд кард.

Дар гузашта низ раҳбарони ниҳодҳои марзбонии Тоҷикистон ва Қирғизистон чунин нишастҳои мушобеҳеро дар навоҳии марзии ҳар ду кишвар баргузор карда буданд, ки омили ҳамкории судманд дар ҷиҳати ҳифз марзи муштарак арзёбӣ мегардад.
XS
SM
MD
LG