Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Задухӯрд байни тарафдорон ва мухолифони Муборак


Тарафдорони раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак имрӯз дар майдони Таҳрир, дар маркази Қоҳира, бо эътирозгароне, ки хатми ҳукумати сисолаи Муборакро талаб мекунанд, задухӯрд кардаанд. Даргирӣ замоне рух дод, ки тарафдорони Муборак низ ба ин майдони моломоли ҳазорон тан аз мухолифини ӯ рехтанд. Онҳо ба сӯи ҳамдигар санг меандохтанд ва бино ба хабарҳо, чанд нафар маҷрӯҳ шудаанд.
Муборак шаби гузашта эълон кард, ки дар интихоботи моҳи сентябр ширкат нахоҳад кард. Ба дунбол, низомиён хостори хонабахона шудани эътирозгарон шуданд. Сухангӯи артиш Исмоил Усмон гуфт: “Паёми шумо расид ва талабҳои шумо маълум шуд. Мо барои таъмини амнияти ватан тамоми талошро ба харҷ медиҳем. Мо бояд ба даъвати кишвари мо бо кори пурсамар посух диҳем.”
Аммо эътилофи мухолифин имрӯз ба эътирозҳои бештар даъват карда, як раҳпаймоии густардаи дигарро барои рӯзи ҷумъа эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG