Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйирот дар Қонуни асосии Қазоқистон


Ҳарду маҷлиси парлумони Қазоқистон имрӯз бо иттифоқи оро ба Қонуни асосӣ тағйироте ворид кард, ки ба раиси ин ҷумҳурӣ Нурсултон Назарбоев даъвати интихоботи пеш аз мӯҳлатро иҷозат медиҳад. Назарбоев, ки давраи феълии раёсаташ дар соли 2012 ба поён мерасад, ду рӯз пеш пешниҳоди даъвати раъйпурсӣ ба хотири тамдиди замони раҳбарии ӯ то соли 2020-ро радд ва ба интихоботи пеш аз мӯҳлат дар соли ҷорӣ даъват кард. Назарбоеви 70-сола аз соли 1989, инак 22 сол боз бар Қазоқистон ҳукумат меронад.
XS
SM
MD
LG