Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи нуҳуми эътирозҳои зидди Муборак дар Миср


Мухолифони Миср алорағми даъвати артиш ба эътирозҳои бештар алайҳи раиси ин ҷумҳурӣ Ҳуснӣ Муборак даъват карданд. Муборак шаби гузашта эълон кард, ки дар интихоботи моҳи сентябр ширкат нахоҳад кард. Ба дунбол, низомиён хостори хонабахона шудани эътирозгарон шуданд. Сухангӯи артиш Исмоил Усмондар муроҷиате ба эътирозгарон гуфт: “Паёми шумо расид ва талабҳои шумо маълум шуд. Мо барои таъмини амнияти ватан тамоми талошро ба харҷ медиҳем. Мо бояд ба даъвати кишвари мо бо кори пурсамар посух диҳем.”
Аммо эътилофи мухолифин имрӯз ба эътирозҳои бештар даъват кард ва як раҳпаймоии густардаи дигарро барои рӯзи ҷумъа эълон кард. Ин эътилоф Иттиҳоди миллии ислоҳоти Муҳаммад Бародаӣ, Ихвонулмуслимин ва гурӯҳҳои дигарро дар бар мегирад. Эътирозгарон алакай барои рӯзи нӯҳуми эътирозҳои зидди Муборак ба майдони Таҳрири Қоҳира мерезанд. Имрӯз дар пойтахт ва шаҳрҳои дигари Миср чанд раҳпаймоӣ ба тарафдорӣ аз Ҳуснӣ Муборак низ доир шуда, субҳи имрӯз дар Искандария байни тарафдорон ва мухолифини Муборак даргирие низ сурат гирифт. Бо ин ҳол, бино ба хабарҳо, хадамоти Интернет ва телефонҳои мобил дар Миср, ки як ҳафта боз қатъ шуда буд, имрӯз дубора фаъол шудааст.
XS
SM
MD
LG