Пайвандҳои дастрасӣ

Даргирӣ дар марзи Афғонистону Покистон


Имрӯз дар як даргирии байни нирӯҳои Афғонистону Покистон дар марзи байни ду кишвар як сарбози покистонӣ кушта шуд. Як мақоми аршади низомӣ дар Пешовар гуфт, нирӯҳои афғон алайҳи посгоҳи низомии Покистон оташ кушоданд, ки мунҷар ба ҳалокати як сарбоз ва захмӣ шудани сеи дигар шуд.
Фармондеҳи пулиси марзии вилояти Хуст дар шарқи Афғонистон хабари даргириро таъйид, вале дар шурӯъи тирандозӣ ҷониби Покистонро айбдор кард.
XS
SM
MD
LG