Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

9 кушта дар Пешовар ва 5 тани дигар дар Балуҷистон


Таркиши бомб дар ҳошияи як бозор дар шаҳри Пешовар, дар шимолуғарби Покистон мунҷар ба ҳалокати дастикам 9 нафар ва ҷароҳат бардоштани 20 тани дигар шуд.
Дар ҳамин ҳол, ҷангиён дар як даргирӣ дар вилояти ошӯбзадаи Балуҷистон, дар ҷанубуғарби Покистон, 5 маъмури пулисро ба ҳалокат расондаанд. Ҷудоихоҳони балуҷ чандин даҳсола боз барои мухторияти бештар ва касби назорат бар ин вилояти саршор аз захоири табиии ҳаммарз бо Эрону Афғонистон мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG