Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай имрӯз роҳии Ҳинд мешавад


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай барои як сафари дурӯза роҳии Ҳинд мешавад. Қарор аст, ӯ бо раҳбарони Ҳинд масоили ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ кунад. Сухангӯи Карзай Сиёмак Ҳиравӣ гуфт, ки ӯ дар як анҷумани рушди устувори иқтисодиву сиёсӣ дар Деҳлии нав низ суханронӣ хоҳад кард.
Ҳинд аз сармоягузорони умдаи барномаҳои бозсозии Афғонистон буда, панҷумин кумакрасони асосии ин кишвар низ маҳсуб мешавад, ки мояи нигаронии Покистон дар бораи афзоиши нуфузи Ҳинд дар Афғонистон шудааст.
Ба дунболи дидори Ҳинд, Ҳомид Карзай барои ширкат дар анҷумани амниятии Мюнхен ба Олмон хоҳад рафт.
XS
SM
MD
LG