Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Ал-Қоида барои дарёфти маводи "бомби ифлос"


Асноди нави нашршуда аз ҷониби сомонаи “WikiLeaks” ҳадс мезанад, ки гурӯҳи террористии Ал-Қоида талош дорад, маводи лозим барои сохтани “бомби ифлос”-и радиоактивиро ба даст биорад. Номаҳои маҳрамонаи дипломатии Амрико, ки ин сомона нашр кард, ҳокист, ки раҳбарони амниятӣ дар соли 2009 ба мақомоти НАТО дар бораи қасди Ал-Қоида барои соҳиб шудан ба “маводи ифлоси радиактивӣ” сӯҳбат кардаанд.
Дар ин номаҳо аз ҷумла ҷузъиёти боздошти як қатори ҳомили маводи таслиҳотӣ дар марзи Қазоқистону Русия ва ҳам талоши як тоҷири силоҳ барои фурӯши маводи радиоактивии аз нирӯгоҳи ҳастаии Чернобили Украина дуздидашуда дар Лисабонро сӯҳбат мешавад.
XS
SM
MD
LG