Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокунишҳо ба паёми ахири Ҳуснӣ Муборак


Раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак эълон кард, ки дар интихоботи моҳи сентябр ширкат нахоҳад кард. Аммо мардуме, ки алайҳи ҳукумати 30-солаи ӯ эътироз доранд, инро нокофӣ хонда, суханронии Муборакро бо нидоҳои “Бирав, бирав!” истиқбол карданд. Муборак шаби сешанбе дар пайи ба хиёбонҳо рехтани садҳо ҳазор нафар бо талаби истеъфои ӯ бо як паёми телевизионӣ ба мардум муроҷиат кард. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ба дунбол гуфт, ба ҳамтои мисриаш гуфтааст, ки гузариши муназзам бояд ҳоло шурӯъ шавад: “Ончӣ рӯшан аст ва ончӣ ки ман имшаб ба президент Муборак таъкид кардам, ин аст, ки гузариш бояд қобили мулоҳиза бошад, осоишта бошад ва бояд аз ҳозир оғоз шавад.”
Сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфтааст, Муборак бояд иқдоми дигар мекард ва барои давраи гузор дар Миср бояд як маъмурияти муваққат рӯи кор биояд.
XS
SM
MD
LG