Пайвандҳои дастрасӣ

"ЮТэйр" вориди бозори парвозҳои Тоҷикистон шуд


Бино ба гузориши матбуоти Русия, ширкати ҳавопаймоии русии “ЮТэйр” аз 1 феврал ба анҷоми парвозҳо дар масири Маскав-Душанбе оғоз кардааст. Ин парвозҳо ҳар шаб аз фурудгоҳи “Внуково”-и пойтахти Русия анҷом шуда, ҳавопаймои “ЮТэйр” ҳар субҳ аз Душанбе ба қасди Маскав ба парвоз хоҳад хест. “ЮТэйр” дар пайи варшикаста эълон шудани ширкати ҳавопаймоии “Атлант-Союз” ба анҷоми парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон оғоз кард ва ба ин манзур ҳавопаймоҳои навъи “Боинг-737-400”-ро истифода мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG