Пайвандҳои дастрасӣ

Филми сохтаи Муҳаббат Сатторӣ - “Афсонаи хоб” ба мавзӯи тарбияи фарзанд ва масъулияти волидон ихтисос ёфтааст.

Ин филм дар ҳоле намоиш дода мешавад, ки тарҳи қонун дар бораи масъулияти волидон низ мавриди баҳсу баррасии мардум қарор дорад.

Муҳаббат Сатторӣ муаллифи филмҳои “Пайванди шикаста” ва “Падруду пайғом” буда, "Афсонаи хоб" филми севуми ӯ ба ҳисоб меояд.

Аммо баҳонаи офаридани як филм дар бораи тарбияи фарзанд ва масъулияти волидон чӣ буд?

Муҳаббат Сатторӣ: Вақте маро ба “Кохи Тоҷикистон”, собиқ кинотеатри “Тоҷикистон”, ҳамчун мудир таъйин карданд, каме таърихи онро омӯхтам. Дар соли 1966 ин кинотеатрро барои истифодаи кӯдакон дода буданд.
Фикр кардам, мешавад ин кохро дубора ба макони дӯстдоштаи кӯдакон табдил дод.

Вақту маблағи зиёдеро барои таъмиру барқарор кардани ин бино харҷ кардам, то кӯдакон баробари ворид шудан ба бинои он, натанҳо филмҳои дӯстдоштаи худро бубинанд, балки истироҳату бозӣ ҳам кунанд.

Рӯзе то чаҳор филм барои кӯдакон намоиш медодем ва дар охир онҳо маро давра гирифта суолборон мекарданд, ки боз кадом филмро ба онҳо намоиш медиҳем. Ҳамин тавр, хоҳише пайдо шуд, ки филми наве барои кӯдакон биофарам

Суол: Шояд бисёриҳо гумон кунанд, ки ин филм фармоишӣ аст. Бахусус, дар замоне ки баҳси қонуни масъулияти волидон идома дорад...

Муҳаббат Сатторӣ:
Не, не. Ҳаргиз. Ном ва мавзӯи филм идеяи худи ман аст. Мо наворбардории филмро моҳи октябру ноябр шурӯъ карда, дар аввали моҳи декабри соли гузашта ба анҷом расонидем. Баъд аз он тарҳи қонуни масъулияти волидон аз ҷониби раиси ҷумҳур пешниҳод шуд. Мешавад гуфт, ки як навъ тасодуф буд. Вале хеле мувофиқ омадааст.

Суол: Оё касе аз мақомдорони болоӣ аз ин нияти Шумо огоҳ буд?

Муҳаббат Сатторӣ: Не, ҳеҷ кас огаҳ набуд. Бисёр мехостам чизи тозае барои хурдсолон офарида бошам ва дигар ин ки филм воқеияти зиндагии мост. Бубинед, се духтарча дорам, вале онҳоро хеле кам мебинам. Онҳо рӯзи истироҳати маро интизор мешаванд, то лаҳзае бо ман бошанд. Аммо ман дар рӯзҳои истироҳат ҳам кор мекунам...

Суол: Мешавад, ки ба таври мушаххас сужаи ин филмро барои мо бигӯед?

Муҳаббат Сатторӣ: Чаро не. Духтарчае то дер омадани падарашро аз кор интизорӣ мекашад. Рӯзе тағояш ба хонаи онҳо меҳмонӣ меояд ва 50 сомонӣ ба дасташ медиҳаду мегӯяд: бароят ширинӣ ё бозичае харида натавонистам. Ин пулро бигир ва худат чизи дилхоҳатро бихар.

Духтарча ин пулро дар қабати либосҳои лӯхтакчааш пинҳон карда, бегоҳ, вақте падараш аз кор бармегардад, аз вай мепурсад: дадаҷон, як рӯзи кории Шумо чанд пул аст? Падараш мегӯяд: 50 сомонӣ. Духтарча хоҳиш мекунад, ки падараш ба ӯ 50 сомонӣ диҳад. Вале падар ӯро сарзаниш карда мегӯяд, ту чӣ кор мекунӣ 50 сомониро? Духтарча гиря мекунаду мегӯяд, пули шумо ба ман лозим нест. Ана, худам панҷоҳ сомонӣ дорам. Мехоҳам як рӯзи кории Шуморо бихарам, то шумо як рӯз ба кор нараведу бо ман бозӣ кунед.

Суол: Наворбардории ин филм ба Шумо чӣ гуна даст дод?

Муҳаббат Сатторӣ: Албатта, душвор буд. Вале хислати ман чунин аст, ки аз мушкилӣ наметарсам. Касе, ки корашро дӯст медорад, мушкилӣ дар пеши роҳаш зиёд истода наметавонад. Бовар кунед, се филм бардоштам. Чунин ҳам шудааст, ки то дер вақт натавонистам ҳақмузди ҳунармандонро бидиҳам. Аммо касе изҳори норизоятӣ накардааст.

Суол: Коргардонҳои маъруфи ҷаҳон ба ин назаранд, ки бо кӯдакон кор кардан саҳл нест. Оё мушкил набуд кор бо кӯдакон?

Муҳаббат Сатторӣ: Медонед, дар ин филм тақрибан 10 нафар аз хурдсолон бо шумули духтарчаи худам иштирок доштанд. Вале ягон мушкилро эҳсос накардам. Баръакс, онҳо аз калонсолон дида, масъулияти бештар ва шавқу ҳаваси зиёдтар нишон медиҳанд. Бисёр самимӣ ва табиӣ нақшбозӣ мекунанд. Гиряҳову хандаҳояшон низ самимӣ буд...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG