Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама изҳор намуд, ки раванди гузариши Миср ба демократия ва омодагӣ барои интихоботи озод бояд фавран шурӯъ шавад.

Дар як изҳорот дар робита ба авзоъ дар Миср, раисиҷумҳури ИМА гуфт, ки Ҳуснӣ Муборак дар сӯҳбати телефонӣ бо ӯ ногузир будани ислоҳоти демократӣ дар кишварро иқрор кардааст. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки ин сӯҳбати телефонӣ баъд аз тасмими раисиҷумҳури Миср Ҳуснӣ Муборак барои худдорӣ аз талоши сари қудрат мондан доир шуд.

Муборак барои қудрат талош нахоҳад кард

Шоми рӯзи сешанбе дар як паёми телевизионӣ ба мардуми Миср Ҳуснӣ Муборак гуфт, ки дар интихоботи навбатии раёсатҷумҳурӣ ширкат нахоҳад кард. Ӯ афзуд, “вазифаи ман – эҳёи амнияту субот дар кишвар аст, то ки интиқоли қудрат дар вазъе сурат бигирад, ки шаҳрвандон таҳти ҳимоят қарор доранд”. “Рӯирост эълом медорам, ки новобаста ба ҳаводиси имрӯз, талоши пешбарии номзадии худ барои давраи нави раёсатҷумҳуриро нахоҳам кард”, гуфт Ҳуснӣ Муборак. Сарвари Миср афзуд, ки “дар зиндагии худ вақти кофиро барои хизмат ба Мисру мардумаш сарф кардам ва ҳоло мӯътақидам, ки ба хотири миллатамон мӯҳлати раёсатҷумҳурии худро поён бубахшам”.

Ҳуснӣ Муборак гуфт, ки кишвараш рӯзҳои сахтеро ба сар мебарад ва аз миёни ҳарҷу марҷу эътидол бояд якеро интихоб кард. Раисиҷумҳури Миср ҳамчунин паём дод, ки Мисрро тарк карданӣ нест. Ӯ гуфт, ки фарзанди ин марзу бум аст ва умед дорад, ки дар хоки Миср макони охират пайдо кунад.

“Истеъфо! Инқилоб то марг!”

Ба иттилоъи шабакаи телевизионии “Ал-Ҷазира” эътирозгарон суханронии Муборакро аз тариқи экранҳои бузург дар майдони Таҳрири Қоҳира шуниданд ва баъд аз хатми он дар майдон шиорҳои “Истеъфо! Инқилоб то марг!” садо доданд. Рӯзи сешанбе дар намоишҳои эътирозӣ дар Миср садҳо ҳазор нафар ширкат доштанд.

Бар асари ба задухӯрдҳо печидани намоишҳои эътирозӣ дар Миср, ки рӯзи 25 январ алайҳи фақру бекории мардум ва фасоди мақомот шурӯъ шуда буд, ба иттилоъи расмӣ беш аз 100 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Ба иттилоъи бархе манбаъҳо, Ҳуснӣ Муборак дар бораи худдорӣ аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи сентябр бо маслиҳати раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тасмим гирифтааст. Ӯ дирӯз бо Фрэнк Виснер, фиристодаи Обама ва сафири собиқи Амрико дар Миср мулоқот кард.

Эътирозҳо идома хоҳанд кард

Муҳаммад Ал-Барадей, раҳбари ислоҳотхоҳи мухолифин ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Ал-Арабия гуфт, ки вақти музокирот дар бораи ташкили ҳукумати давраи гузариш фаро расидааст. Ӯ афзуд, “талаби аввалини мардуми Миср - истеъфои раисиҷумҳур Муборак ба хотири шурӯъи марҳалаи нав ва бунёди Мисри нав аст, Мисре, ки дар пояи амният, озодӣ ва демократия бунёд мешавад”.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, созмондиҳандагони намоишҳои эътирозӣ талош доранд, ки ҳарчӣ бештар одамон ҳадди аққал то рӯзи ҷумъа дар майдони Таҳрир бимонанд ва истеъфои Муборакро талаб кунанд. Шаби гузашта онҳо дар майдон хаймаҳо гузошта ва эътирозгаронро бо маводи озуқа таъмин намуданд.

Дипломатҳои амрикоӣ Қоҳираро тарк мегӯянд

Дар ҳамин ҳол, мақомоти бисёр кишварҳои ғарбӣ талоши бозгардони шаҳрвандонашон аз Мисрро доранд. Вошингтон ахиран дар бораи кӯчонидани бархе аз кормандони сафорати ИМА дар Қоҳира тасмим гирифт. Вазири умури хориҷии Бритониё Уилям Ҳейг эълом дошт, рӯзи чаҳоршанбе ҳавопаймои махсус барои интиқоли шаҳрвандони кишвар, ки ба ватан баргаштанианд, ба Қоҳира парвоз мекунад. Дар Қоҳира тақрибан ду ҳазор шаҳрвандони Бритониё ба сар мебаранд.
Вазорати умури хориҷии Олмон аз шаҳрвандони кишвараш даъват намуд, ки аз сафар ба Мисри ноором худдорӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG