Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама: Миср бояд фавран ба ислоҳот шурӯъ кунад


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, изҳор намуд, ки раванди гузариши Миср ба демократия ва омодагӣ барои интихоботи озод бояд фавран шурӯъ шавад. Дар як изҳорот дар робита ба авзоъ дар Миср Обама гуфт, ки раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак дар сӯҳбати телефонӣ бо ӯ ногузир будани ислоҳоти демократӣ дар кишварро иқрор кардааст.
Дирӯз эътирозгарони мисрӣ аз тасмими раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак барои худдорӣ аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи сентябр истиқбол карданд ва аммо аз талаби истеъфои ӯ даст набардоштаанд.
Ҳуснӣ Муборак шоми сешанбе дар як паёми телевизионӣ изҳор намуд, ки ба хотири таъмини субот дар кишвар то интихоботи нав дар мақомаш хоҳад монд. Ӯ ҳамчунин ба мардум ваъдаи ислоҳот кард. Ба иттилоъи бархе манбаъҳо, Ҳуснӣ Муборак дар бораи худдорӣ аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи сентябр бо маслиҳати раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тасмим гирифтааст. Ӯ дирӯз бо Фрэнк Виснер, фиристодаи Обама, мулоқот дошт.
XS
SM
MD
LG