Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фернандо Торрес "Челси"-ро авлотар донист


Дастаи “Челси”-и Лондон бозигари дастаи мунтахаби Испания Фернандо Торресро аз клуби “Ливерпул” ба маблағи 50 миллион паунт харидорӣ намуд. Ахиран футболбози 26-сола бо қаҳрамони феълии футболи Англия то соли 2016 қарор имзо кард.
Фернандо Торрес чаҳорумин футболбози "гаронбаҳо" маҳсуб мешавад – фақат барои се бозингар - Криштиан Роналдо, Златан Иброҳимович ва Кака назар ба Торрес маблағи бештар пардохт шудааст.
Се мавсим пештар "Ливерпул" Торресро ба маблағи 30 миллион евро аз тими "Атлетико"-и Мадрид харидорӣ карда буд. То имрӯз Торрес дар 102 бозии лигаи футболи Англия ба дарвозаи ҳарифон 65 гол задааст. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Испания ӯ қаҳрамони Аврупо ва тобистони соли гузашта соҳиби Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол шудааст.
Ба навиштаи хабаргузориҳо, шояд Фернандо Торрес рӯзи якшанбе дар ҳайати “Челси” алайҳи ҳамдастаҳои акнун собиқаш дар “Ливерпул” бозӣ кунад. Дар бозии аввал миёни ин дастаҳо Торрес ба дарвозаи “Челси” ду тӯб зада буд.
XS
SM
MD
LG