Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз ҳавои Тоҷикистон боронӣ хоҳад буд


Ба иттилоъи ҳавошиносон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво боронист, аз 8 то 13 дараҷа гарм мешавад. Дар Хуҷанд ҳам баъд аз зӯҳр борон меборад, ҳаво аз 9 то 17 дараҷа гарм хоҳад шуд Дар вилояти Хатлон ҳавои абриву борон дар назар аст, аз 9 то 18 дараҷа гарм мешавад. Дар шаҳри Хоруғ ҳам ҳаво абрист ва баъд аз зӯҳр борон меборад. Ҳарорати ҳаво то 8 дараҷа боло хоҳад рафт.
Сардтарин минтақаи Тоҷикистон Аличури Бадахшон хоҳад буд, дар он ҷо дар нимаи дуввуми рӯз барф меборад, ҳарорати ҳаво шабона то 22 ва рӯзона то 13 дараҷа сард хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG