Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбари қатли мусалмонҳо дар Сребренитса


Дар ҷанубу шарқи Фаронса як низомии собиқи сербҳои Боснӣ бо гумони даст доштан дар қатли оми мусалмонҳо дар шаҳри Сребренитса дар соли 1995 боздошт шуд. Милорад Момич бо дархости мақомоти Сербия дастгир шудааст – Белград алайҳи ӯ бо иттиҳоми ҷиноят алайҳи башарият парванда боз кардааст. Мақомоти Сербия гуфтанд, ки истирдоди Момич ба Белградро талаб хоҳанд кард.
Артиши сербҳои Боснӣ соли 1995 дар Сребренитса тақрибан 8 ҳазор мардону ҷавонони мусалмонро эъдом карда буд.
XS
SM
MD
LG