Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Русия аз эъмоли таҳримҳои нав болои Минск


Вазорати умури хориҷии Русия аз тасмими Иттиҳодияи Аврупо ва ИМА барои эъмоли таҳримҳои нав алайҳи Белорус интиқод кард. Дар изҳороти вазорат гуфта шудааст, ки тасмими таҳримҳо ангезаи сиёсӣ дорад ва ҳадафи он “баҳам задани суботи иҷтимоиву иқтисодӣ дар Белорус аст”.
Рӯзи душанбе дар нишасти вазирони умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Брюсел тасмим гирифта шуд, ки Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, ва боз беш аз 150 мансабдори ин кишвар аз ҳаққи сафар ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо маҳрум карда шаванд. Дар ин нишаст дар бораи мунҷамид сохтани ҳисобҳои бонкии ин мансабдорони белорус низ тасмим гирифта шуд.
Ба думболи ин вазорати умури хориҷии Амрико низ дар бораи таҳримҳои нав алайҳи мақомоти Белорус хабар дод. Гуфта шуд, ки феҳристи мансабдорони белоруси вурудашон ба ИМА мамнӯъ густариш хоҳад ёфт ва ба шаҳрвандони Амрико муваққатан ҳамкорӣ бо ширкати давлатии “Белнефтехим” манъ карда хоҳад шуд.
Таҳримҳо – вокуниш ба саркӯбсозии мухолифини Белорус баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар моҳи декабри соли гузашта аст. Он вақт садҳо эътирозгарон ва чанд тан аз номзадҳо ба мақоми раисиҷумҳур боздошт шуда буданд.
XS
SM
MD
LG