Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуснӣ Муборак дар интихоботи навбатӣ ширкат намекунад


Эътирозгарони мисрӣ аз тасмими раисиҷумҳур Ҳуснӣ Муборак барои худдорӣ аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи сентябр истиқбол карданд ва аммо аз талаби истеъфои ӯ даст набардоштаанд. Дирӯз даҳҳо ҳазор нафар дар маркази Қоҳира барои истеъфои Муборак аз мақом пойфишорӣ мекарданд
Ҳуснӣ Муборак шоми сешанбе дар як паёми телевизионӣ изҳор намуд, ки ба хотири таъмини субот дар кишвар то интихоботи нав дар мақомаш хоҳад монд. Ӯ ҳамчунин ба мардум ваъдаи ислоҳот кард. Ба иттилоъи бархе манбаъҳо, Ҳуснӣ Муборак дар бораи худдорӣ аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи сентябр бо маслиҳати раисиҷумҳури Амрико Барак Обама тасмим гирифтааст. Ӯ дирӯз бо Фрэнк Виснер, фиристодаи Обама, мулоқот кард.
Ба иттилоъи баъзе хабаргузориҳо, теъдоди қурбониёни задухӯрдҳо дар Миср аз 100 нафар бештар аст.
XS
SM
MD
LG