Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборак гуфт, меравад, аммо дертар...


Дар ҳоле ки теъдоди мӯътаризон ба миллион нафар расидааст, президенти Миср гуфт, дар интихоботи навбатӣ ширкат нахоҳад кард.

Ҳуснӣ Муборак дар як паёми телевизионӣ ба мардуми Миср муроҷиат кард ва гуфт, дар интихоботи навбатӣ ширкат нахоҳад кард ва шароити осоиштаи интиқоли қудратро таъмин хоҳад намуд. Вай афзуд, ба хотири расидагӣ ба дархосту талаби мардум барномаи ислоҳотро омода кардааст ва аз порлумон даъват намудааст, суръати чунин ислоҳотро тезонад.

Муборак иқрор кард, ки кишвараш рӯзҳои сахтеро ба сар мебарад ва ҳоло бояд байни ҳарҷу марҷу эътидол якеро интихоб кунад. Вай бо таъкид хост, ба ёди мардуми худ орад, ки 30 сол пеш дар чӣ шароите раёсатҷумҳуриро ба даст гирифта буд ва чӣ хидматҳое ба мардуму сарзаминаш кард. Муборак гуфт, ки ба Миср сулҳу оромӣ овард, барои Миср ҷангид ва барои миллаташ хидмат кард ва бигзор таърих корномаи ӯро қазоват кунад.

Раисиҷумҳури Миср ҳамчунин гуфт, фарзанди ин сарзамин аст ва дар хоки Миср хоҳад даргузашт. Вай изофа кард, одамон меоянду мераванд, аммо Миср мемонад ва хоҳад монд.

Бино ба хабарҳои шабакаҳои телевизионии ҷаҳон, фиристодаи раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, дирӯз вориди Қоҳира шуд ва номаи Обамаро ба Муборак расонд. Сарвазири Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз ҳукумати Миср даъват кард, "ба садои хиёбон" гӯш диҳад. Эрон эълом дошт, аз талаби мӯътаризон пуштибонӣ мекунад.

Садҳо ҳазор нафар, ки ба тазоҳурот ҳамроҳ шуда, дар майдони Таҳрири Қоҳира ва маркази Искандария шабзиндадорӣ мекарданду истеъфои Ҳуснӣ Муборакро талаб мекарданд, ба паёми ӯ вокуниши манфӣ нишон доданд. Дафъатан пас аз хатми сухани ӯ дар телевизион майдонҳоро аз нав нидои "Истеъфо!" ва "Бирав, тамом шуд!" такон дод.

Коршиносон мегӯянд, калиди ҳалли бӯҳрони Миср дар дасти артиш аст. Сарони артиш рӯзи душанбе гуфтанд, ба муқобили мардуми худ силоҳ нахоҳанд кашид, аммо гуфта мешавад, рӯҳияи артиш низ якдаст нест ва генералҳо мехоҳанд, ба Муборак фурсат дода шавад, то заминаҳои интиқоли қудратро фароҳам орад. Сарони ҷаҳон аз нерӯҳои Миср хостаанд, хештандорӣ кунанд ва ба хушунат роҳ надиҳанд.

Тазоҳурот дар Миср густариш меёбад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:56 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG