Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми як милисаи ришвахоҳи фурудгоҳи "Домодедово"


Додгоҳи Маскав як ходими милисаи нақлиёт дар фурудгоҳи “Домодедово”-ро бо ҷурми аз муҳоҷирони тоҷик ситоданидани ришва ба маблағи 2 000 рубл ба севуним соли зиндони шартӣ маҳкум кард. Старшинаи 35-сола Наталя Левина ҳамин тавр, барои 2 соли дигар аз ҳаққи кор дар идороти давлатӣ маҳрум шуд. Интиқод аз шеваи кори милисаи фурудгоҳи “Домодедово” баъди таркиши пурқурбонии рӯзи 24 январ, ки 35 кушта ба ҷо гузошт, шиддат гирифт. Аксар ин ҳамларо натиҷаи саҳлангории мақомоти интизомӣ медонанд, ки дар “Домодедово” асосан ба пулситонӣ аз муҳоҷирон машғул будаанд.
XS
SM
MD
LG