Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Отунбоева ба таъсиси гурӯҳҳои аспсавори марзбон


Раисиҷумҳури Қирғизистон ба далели кам будани шумори нирӯҳои марзбонӣ хостори таъсиси гурӯҳҳои аспсавор аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ ба хотири ҳимояти марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон шудааст. Роза Отунбоева рӯзи сешанбе дар Ӯш дар мулоқот бо фаъолони маҳаллӣ гуфт, бино ба маълумоти хадамоти амниятии Қирғизистон, дар тобистони имсол эҳтимоли аз Тоҷикистон рахна кардани гурӯҳҳои силоҳбадаст хеле зиёд аст ва ин таҳкими ҷиддии марзҳои ҷанубии Қирғизистонро тақозо мекунад. Ба гуфтаи раҳбари Хадамоти марзбонии Қирғизистон Зокир Тиленов, феълан ба ҳар километр марзи он кишвар ҳамагӣ як марзбон рост меояд ва ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ, ҳар километр марзи Тоҷикистон ё Узбакистонро аз 9 то 10 сарбоз ҳимоят мекунанд.
XS
SM
MD
LG